Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии омори ҶТ Мерган Шаҳбозов изҳор дошт, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон беш аз 7,5 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 73 дарсади он дар манотиқи деҳот зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи августи соли ҷорӣ шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 7,6 млн. ва аввалҳои соли 2010 метавонад ба 8 млн. нафар расад. «Суръати афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 2,1-2,2 фоизро ташкил дода, зиёда аз 50 фоизи аҳолии кишвар шахсони аз 50-сола поён мебошанд», - таъкид сохт ӯ.
Номбурда инчунин гуфт, феълан дар хориҷи кишвар на бештар аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик кору зиндагӣ доранд. «Тибқи маълумоти чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, шумори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиёда аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад, вале ин нишондиҳанда ба ҳақиқат рост намеояд, зеро Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба мо мунтазам дар ин хусус маълумот пешниҳод месозад», - изҳор дошт вай.
М.Шаҳбозов ҳамчунин афзуд, агар дар шаш моҳи соли гузашта маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан 1 млрд. 250 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, дар ҳамин давраи соли равон ҳаҷми он ба миқдори 50 фоиз коҳиш ёфтааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста