Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Хазинаи глобалии экологӣ Моник Барбут изҳор дошт, ки дар мудатти 18 соли фаъолият хазинаи мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 млн. $ ба сифати ҷудо кардани бурсҳо кӯмак карда, инчунин баҳри ҷалби кӯмакҳо ба Тоҷикистон ба маблағи 47 млн. $ аз кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон атрофи масоили марбут ба гармшавии сартосарии сайёра, чораҳои пешгирии обшавии пиряхҳои ҷумҳурӣ ва нест кардани партовҳои саноатӣ, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишвар боқӣ
мондаанд, гуфтушуниди судманд сурат гирифт. «Тайи 3 соли ахир Хазина дар қаламрави Тоҷикистон панҷ лоиҳаи вобаста ба ҳалли мушкилоти экологиро амалӣ месозад», - гуфт ӯ.
М.Барбут афзуд, Хазинаи глобалии экологӣ барои пешгирии такрор нашудани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки соли равон ҷумҳурӣ ба онҳо мувоҷеҳ гардид, низ кӯмак хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста