Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар минтақа яке аз кишварҳои бузурги аз Амрико кӯмакгиранда маҳсуб гардида,дар замони бӯҳрони молӣ ИМА ҳаҷми кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш нахоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Амрико бештар ба муборизаи пурсамар алайҳи терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният дар марз бастагӣ дорад.
Р.Блейк гуфт, ИМА дар Афғонистон ба роҳандозии сиёсати тоза шурӯъ намудааст, ки он ба фермерон имкон фароҳам хоҳад сохт аз парвариши зироатҳои кишоварзӣ даромади қобили мулоҳиза ба даст оранд ва ин роҳ онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки аз парвариши рустании нашъадор даст кашанд.
Номбурда зикр намуд, ки дар гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими раванди демократия, таъмини озходии баёну эътиқод мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз рӯи аксари масоили матраҳшуда ҳусни тафоҳум ҳосил кардаанд.
Нимаи дуввуми имрӯз Р.Блейк ният дорад, дар шаҳри Душанбе бо гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик мулоқот барпо созад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста