Душанбе 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вох ӯ рии Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Осиёи Ҷ ануб ӣ ва Марказ ӣ Роберт Блейк баргузор гардид.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ду ҷ ониба ва мавзўъҳои минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак муҳокима гардиданд.

Дар вох ӯ р ӣ муносибатҳои дўстона ва созандаи То ҷ икистону Америка қайд гардиданд. Дипломати баландпояи америко ӣ аз нақши муҳимми То ҷ икистон дар барқарорсозии сулҳ ва субот дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон қадрдон ӣ намуд. Зарурати ба сатҳи баландтар бардоштани ҳамкории ду ҷ ониба таъкид шуд.

Тарафайн ҷ онибдории худро дар мавриди амалисозии барномаҳои минтақав ӣ оид ба э ҷ оди иқтидорҳои истеҳсолкунанда дар То ҷ икистон ва сохтани хатҳои интиқоли барқ, ки шабакаҳои энергетикии Осиёи Марказ ӣ ва Ҷ анубиро ба ҳам хоҳад пайваст, аз ҷ умла лоиҳаи КАСА-1000 баён намуданд.

Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон аз номи Котиби давлатии ИМА барои ан ҷ оми сафар ба Вашингтон даъват гардид. Даъватонома бо сипос пазируфта шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.