Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки рушди осиё (БРО) аз рӯи барномаи дастгирии раҳоӣ аз бӯҳрон ба маблағи 40 млн. $ созишномаи бурсӣ ба имзо расид. Зери санад вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар ҶТ Макото Оҷиро имзо гузоштанд.
Дар маросими баимзорасии созишнома М.Оҷиро изҳор дошт, ки иқтисоди Тоҷикистон, ки ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва бахши кишоварзӣ вобаста аст, дар минтақа аз ҳама бештар хисорот бардоштааст. «Дастгирии БРО ба ҳукумат барои дастгирии барномаи бӯҳронии хароҷот ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат ва кӯмакпулиҳо ба қишри осебпазири ҷомеа, бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин намудани онҳо, иҷрои барномаҳои сармоягузории марбут ба муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав шароит фароҳам мсеозад», - гуфт М.Оҷиро.
Дар ҷараёни суханронӣ М.Оҷиро гуфт, чанде пештар Шӯрои мудирони
бонк ҷудо кардани маблағи мазкурро маъқул шуморида, ба масъалаи идора кардани ин воситаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст, яъне шӯрои мудирон хостори таъмини раванди шаффофи назорати истифодаи мақсадноки ин маблағҳо аст.
Қобили зикр аст, ки Вазорати молияи ҶТ агентии иҷрокунандаи ин барнома буда, интизор меравад, маблағи ҷудошуда то ахири соли ҷорӣ пурра барои амалисозии ҳадафҳои пешбинишуда истифода бурда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста