Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки чанде пештар бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабиниҳои ҷашни истиқлол дар варзишгоҳи марказӣ доир мегарданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷаласаи корӣ инчунин масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар қаламрави пойтахт ва истифодаи оқилонаи фонди замини шаҳри Душанбе низ матраҳ гардиданд. «М.Убайдуллоев ба мақомоти марбута супориш дод, ки пешниҳоди раёсати танзими ҷашну маросимҳои дастгоҳи сарвари давлатро дар бораи аз 1-уми августи соли ҷорӣ кам кардани мӯҳлати баргузории маросими «оши наҳор» аз се соат то якуним соат мавриди омӯзиш қарор диҳанд», - гуфт Шавкат Саидов.
Мавсуф афзуд, пешниҳоди мазкур ба дигар расму ойинҳои тӯёна дахл надошта, чорабиниҳои асосии тӯёна мувофиқи қонунгузорӣ дар се соат баргузор мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста