Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон барои ҳама гуна истифодабарандагон ба андозаи 14,8 дарсад зиёд карда шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Душанбегаз» иттилоъ доданд, ин иқдом бинобар боло рафтани қурби доллари ИМА пеш гирифта шуд. «Аз ин ба баъд арзиши истифодаи газ барои аҳолӣ зиёда аз 1 ҳазору 330 сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд ва агар ояндаи наздик қурби доллари ИМА поин равад, арзиши газ низ ба самти коҳиш таҷдиди назар мешавад», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, айни замон ба Тоҷикистон тақрибан 20-21 ҳазор метри мукааб газ аз кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад. «Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон аз истифодаи газ ҳудуди 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста