Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии озмоишгоҳи нави санҷиши чароғҳои кммасраф дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуд.
Ба қавли сардори раёсати таъмини
метрологии истеҳсолот ва бақайдгирии агентӣ Ҷӯрахон Раҳимов, дар озмоишгоҳ дар баробари санҷиши дастгоҳҳои дигари барқӣ, санҷиши чароғҳои каммасраф низ ба роҳ монда шудааст. «Қаблан мо имкони санҷиши чароғҳои камммасрафро надоштем, вале бо харидории технологияи тоза аз хориҷи кишвар, акнун метавонем дар як вақт то 50 дона чунин чароҳҳоро низ мавриди санҷиш қарор диҳем», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр намуд, ки айни замон дар бозорҳои кишвар чароғҳои каммасрафи истеҳсоли Русия, Ҳиндустон ва Туркия фурӯхта мешаванд, вале воридоти ин мол бештар аз Чин ба назар мерасад, ки пас аз санҷиш ба чунин хулосае расидаанд ки сифати чароғ на ба кишвари истеҳсолкунанда, балки ба ширкати истеҳсолкунанда вобаста аст. «Барои ба фиреб дучор нагардидан, харидор бояд аз фурӯшанда гувоҳномаи мутобиқат ба меъёрро талаб намояд ва сипас метавонад онро ба назди мо баҳри санҷиш пешниҳод созад», - афзуд Ҷ.Раҳимов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста