Душанбе. 10-уми июл. - Имр
ӯ
з, 10-уми июл, аз замони заминларзаи мудҳиш ва харобиовари шаҳраки Ҳоити водии Рашт 60 сол пур мешавад.
Дар ин робита имр
ӯ
з дар маркази Ҳоит маросими ёдбуд баргузор шуд, ки дар он сокинони маҳалл
ӣ
ва намояндагони ҳукумат, аз
ҷ
умла
ҷ
онишини сарвазири То
ҷ
икистон Руқия Қурбонова, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрор
ӣ
ва ҳамчунин фарҳангиёну хабарнигорон ширкат карданд.
Маъракаи ёдбуд бо бардоштани парда аз р
ӯ
и ма
ҷ
мааи нави ёдгор
ӣ
оғоз шуд, ки
ҷ
ои му
ҷ
ассамаи "Модари Ҳоит"-ро гирифт. Пайкараи пешини ҳафтметраи «Модари Ҳоит» дар соли 1993 аз с
ӯ
и гур
ӯ
ҳи мусаллаҳи номаълум хароб шуда буд.
Ма
ҷ
мааи нав, ки аз с
ӯ
и пайкарасози то
ҷ
ик Сафарбек Қосимов сохта шудааст, аз се қисм - меҳроб, шоҳсутун ва гаҳвора - иборат аст ва рамзу нишонае аз ин заминларзаи мудҳиш мебошад.
Ҳамчунин дар назди ин ма
ҷ
маа таҳкурсии осорхонаи нав гузошта шуд, ки дар он ёдгориҳо аз ин ин фо
ҷ
еа гирд оварда хоҳад шуд.
Заминларзаи тақрибан 8 дара
ҷ
а
ӣ
дар Ҳоит 60 соли пеш дар р
ӯ
зи 10-уми июли соли 1949 ба вуқ
ӯ
ъ пайваст ва ҳудуди 32 ҳазор нафарро кушта ва зери хок беномунишон кард. Ин серқурбонитарин заминларза дар таърихи То
ҷ
икистон мебошад. Дар ин бора бахши тоҷикии сомнаи радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста