Қӯрғонтеппа. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳияи Бохтар ба маблағи умумии 25 млн. 198 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 102 дарсадро ташкил медиҳад.
Зимни як нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов изҳор дошт, ки аз 12 корхоани саноатӣ дар чортоаш, аз ҷумла корхонаи пахтатозакунии ҶСК «Файзалӣ Саидов ( 11 фоиз), ҶСК «Заргар» (80 фоиз), ҶСП «Континентал» (82 фоиз) ва «Истеко текстайлз (83 фоиз)
ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфтааст. «Дар қаламрави ноҳия корхонаи бузурги коркарди чарм мавҷуд аст, ки баҳри барқарорсозии фаъолияти он сармоягузории хориҷӣ зарур аст», - гуфт ӯ.
Номбурда гуфт, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона то ҳанӯз барқарор нашуда, феълан барои ба кор даровардани он таҷҳизоту фанновариҳои ҷадид ва такмили зерсохтораш зарур аст. «Сармоягузорони хориҷӣ аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар корхона низоми таъмини об, коркард ва партовтозакунӣ ва ҳамчунин таъминоти шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ вуҷуд надорад», - баён дошт А.Исмоилов.
Раиси ноҳия ҳамчунин афзуд, соли равон дар ноҳияи Бохтар корхонаи хурди консерв ба фаъолият шурӯъ намуда, соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди ду корхонаи дигар – истеҳсоли шағал ва хишт оғоз карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста