Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон намояндагии Донишгоҳи «Паёми нур»-и Эрон боз мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳот дар бахши маорифи Вазорати маорифи ҶТ Хаёл Бобоев иттилоъ дод, донишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои таълимии маъруфи Эрон буда, дар тамоми гӯшаву канори Эрон ҳудуди 500 намоянда дорад. «Ба ифтитоҳи намояндагии донишгоҳ дар Тоҷикистон мақомоти раҳбарии ин муассисаи таълимӣ, ки дар кори намоишгоҳи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе ширкат варзиданд, таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Х.Бобоев, боз як зумра намояндагони макотиби олӣ ва марказҳои илмии Эрон дар муроҷиат ба вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳори омодагӣ карданд, ки оянда дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро ифтитоҳ карданианд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста