Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Академияи улуми ҶТ зиёда аз 250 кори илмӣ, 20 китоб ва монография, маҷмӯаҳои илмӣ ва беш аз 230 мақолаи илмӣ ба нашр расониданд.
Зимни нишасти хабарӣ ноиби президенти академия Мӯсо Диноршоев изҳор дошт, ки олимони тоҷик барои ихтирооти нави худ соҳиби 2 патент шуданд. Дар мавриди дастовардҳои Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии АУ ҶТ, номбурда гуфт, олимони ин пажӯҳишгоҳ тарзи нави коркарди сарчашмаҳои дорои уранро таҳия сохтаанд.
М.Диноршоев ҳамчунин изҳор дошт, дар ин давра олимони Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ дар соҳили обанбори Норак боқимондаҳои нишонаҳои зиндагии одамон дар давраи неолитро дарёфт намуданд.
Мавсуф зикр кард, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар 7 шӯрои диссертатсионӣ 28 корҳо, аз ҷумла 5 кори докторӣ, 23 кори илмии номзадӣ дифоъ гардиданд, ки аз он 1 кори докторӣ ва 5 кори номзадӣ ба кормандони АУ ҶТ тааллуқ доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста