Хоруғ/Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯйдодҳои ахир дар вилояти Синтзян-Ӯйғури Чин ба фаъолияти гузаргоҳи назоратии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин бевосита таъсир накардааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардори раёсати хадамоти гумрук дар ВМКБ Ёрмаҳмад Фақиров иттилоъ дод, айни замон гуузаргоҳи «Қулма» тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад, вале ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот коҳиш ёфтааст. «Агар ҳафтаи гузашта посгоҳро то 10-15 мошин убур мекард, ҳафтаи ахир шумори онҳо на зиёдтар аз 1-2 ададро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ҷиҳати тағйир додани реҷаи кори гузаргоҳ ҳеҷ амру фармоне нарасида, ҳамаи хадамот мувофиқи тартиби муайяншуда кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари шӯъбаи тарҷума ва робита бо ҷомеаву ВАО-и КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлтова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Урумчӣ мунтазам сурат гирифта, он тибқи реҷа, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешавад.
Тибқи маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, оид ба муваққатан манъ кардани сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин ҳеҷ нота паҳн нашудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста