Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳайати Покистон таҳти роҳбарии менеҷери кулли ширкати «Army Welfare Trust» С.К.Оракзай масоили дурнамои рушду тавсеъаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни боздид ҳайати Покистон ният дорад, бо Тоҷикистон оид ба воридоти семент ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расонад. «Ба ин масъала ҳамаи аъзои ҳайат, аз ҷумла, роҳбарони корхонаи истеҳсоли сементи «Askary Cement» Абдул ҶАббор Бхтаи ва Муҳаммад Муштоқ Хатак таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки ҳайати Покистон ба харидории ангишт аз Тоҷикистон баҳри таъмини саноати кишвараш мароқ зоҳир сохтааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҶТ, муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 3001,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 маротиба бештар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста