Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи бурсии дастгирии кишварҳо дар масъалаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард. Барнома аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ тасдиқ гардида, он баҳри кӯмак ба кишвари мо дар амалисозии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.
Дар намояндагии БРО дар ҶТ гуфтанд, пас аз тасдиқи барнома маблағ дарҳол ба Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки гувоҳи таъҷилӣ ва муҳим будани он аст. «Коршиносон бар ин назаранд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба сифр баробар хоҳад буд ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он 8 дарсадро ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дастгирии БРО ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таъсири ногувори бӯҳрони молӣ ба ҳаҷми даромадҳои давлатиро коҳиш дода, барномаҳои асосии хароҷот ба эҳтиёҷоти шадиди иҷтимоӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба қишри осебпазири ҷомеаро амалӣ созад. «Маблағи мазкур ба ҳукумати ҶТ ҳамчунин баҳри иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ дар бахши нигаҳдорӣ ва афзудани ҷойҳои корӣ ва барқарорсозиву таҷдиди иқтисод низ кӯмак хоҳад кард», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста