Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва коммуникатисияи ҶТ Абдураҳими Ашӯр бо такя ба маълумоти рейтинги созмони байнулмилалии «Нақлиёти автомобилӣ» изҳор дошт, ки роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳи хатарноктарин дар ҷаҳон аст. «Ҳамасола дар ин роҳ ҳодисаҳои зиёди садамаи нақлиёт рух дода, шаҳрвандони бисёре ба ҳалокат мерасанд ва аллакай дар нимсолаи аввали соли равон шумораи фавтидгон дар ин роҳ ба 16 нафар расид», - гуфт ӯ.
Дар мавриди қарори ҳукуматдорон бобати пулакӣ кардани истифодаи роҳ, номбурда гуфт, чунин иқдом бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти мусофиронро таъмин хоҳад кард. «То ҳанӯз арзиши маблағи истифодаи роҳ маълум нест, вале ин масъала мавриди ҳаллу фасли мутахассисони вазорат дар ҳамроҳӣ бо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қарор дорад», - афзуд вазир.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста