Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 15 993 ҳодисаи вафоти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 16, 4 ҳазор нафар баробар буд.
Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ вазири адлияи ҶТ Бахтиёр Худоёров изҳор дошт, ки дар ин давра 41,4 ҳазор маросими ақди никоҳ сабт шуда, ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта муодили 45,4 ҳазор буд.
Ба гуфтаи Б.Худоёров, дар ин давра мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ зиёда аз 185 ҳазор аснодро ба қайд гирифта, идораҳои нотариалии давлатӣ беш аз 212,8 ҳазор амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд. «Барои амалиётҳои нотариалии ба расмият даровардашуда аз тарафи нотриусони давлатӣ ба маблағи ҳудуди 7 млн. 363 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 1,67 млн. $) боҷи давлатӣ ба буҷаи давлат ситонида шуд», - афзуд вазири адлияи ҶТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста