Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни мулоқот бо рӯзноманигорон сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев изҳор дошт, ки ҳашароти зараровари малах дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра нобуд карда шуда, он то ҳанӯз дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавҷуд аст. «Соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ 99 ҳазору 735 гектарро ташкил дод ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он ба зиёда аз 114 ҳазор гектар баробар буд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ғаниев, соли гузашта баҳри мубориза бо ҳамлаи малах ҳудуди 35 ҳазор ва имсол 23 ҳазор литр заҳрҳои кимиёвӣ истифода гардида, бо назардошти тавсияҳои олимони соҳа дар давраи ҳанӯз пайдошавии онҳо чораҳои муассири мубориза андешида шуданд, ки самараи хуб додааст. «Аз ин рӯ, соли равон ҳуҷуми малахҳо ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ хисороти назаррасе ворид насохтааст», - изҳор дошт номбурда.
Дар мавриди вазъ дар соли оянда Ғаниев гуфт, макони зиёди тухмгузории ин ҳашарот саривақт мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудаааст. «Соли оянда ният дорем, ки ҷараёни зуҳури малах дар ҷумҳуриро боз то 30 дарсад коҳиш диҳем», - афзуд вай.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста