Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - То 1-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон пурра қарзи худро барои истифодаи газ дар ҳаҷми 16 млн.
$
ба Ӯзбакистон пардохт карданист.
Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов изҳор дошт, ки реҷаи давра ба давра пардохт намудани қарз аз ҷониби мутахассисони корхона омода гардида, онро ҳукумат тасдиқ кардааст. «Қарзи мазкур аз моҳи январи соли ҷорӣ бар асари аз ҷониби истифодабарандагон, пеш аз ҳама ШСХК «Барқи тоҷик», корхонаи «Тоҷиксемент», «Сомонсуғдгаз» ва ширкати «Талко» пардохт нашудани ҳаққи истифодаи газ ҷамъ шуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С.Шарофиддинов, феълан аз кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ дар як соат то 35 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешавад, вале ба иллати бӯҳрони молӣ ва афзудани арзиши газ дар аввали соли равон корхонаҳо ҳаҷми истифодаи онро коҳиш додаанд. «Аз 530 млн. метри мукааб гази тибқи нақша пешбинишуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 133 млн. метри мукааб газ интиқол дода шуд», - афзуд раиси ҶСК «тоҷиктрансгаз».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста