Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки тибқи маълумоти расмӣ, 54 ҳазор нафар занони тоҷик феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вале шумораи воқеии онҳо бамаротиб зиёд аст.
Номбурда гуфт, дар ҷараёни сафари ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони кумита, хадамоти муҳоҷирати ВКД ва сафорати Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирзанон мулоқот сурат гирифта, пешниҳод шуд, ки Ассотсиатсияи занон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди кумита таъсис дода шавад, вале барои таъсиси чунин ниҳод бояд шумори муҳоҷирзанон 20 дарсад аз миқдори умумиро ташкил диҳад «Имрӯз ин нишондиҳанда ба 15 дарсад баробар аст», - гуфт ӯ.
Қ.Аллаберидева зикр кард, ки дар робита ба ин масъала кумита ният дорад, дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, Кумитаи давлатии омор ва хаадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ гурӯҳи корӣ таъсис дода, мониторинг баргузор созад. «Ба мо иттилооти дақиқ ва маълумоти мушаххаси оморӣ дар бораи шумораи умумии занон дар хориҷи кишвар зарур аст», - изҳор дошт вай.
Муовини аввали раиси кумита афзуд, дар оянда кумита ҳамчунин шумори занони тоҷики дар маҳбасҳои Русия қарордоштаро низ дақиқан муайян карданист.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста