Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба озмоишгоҳи назди Департаменти ташхиси судиву тиббии Вазорати тандурустии ҶТ таҷҳизоти махсус супурда шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Барномаи рушди СММ амалӣ месозад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, таҷҳизоти мазкур баҳри ошкор сохтани маводи мухаддир дар ҷисми инсон истифода бурда мешавад. «Истифодаи таҷҳизоти мазкур ба таври қобили мулоҳиза баргузории ташхис оид ба ҷой доштани маводи мухаддир дар ҷисмро тезонида, ба гирифтани маълумоти дақиқу мушаххас мусоидат мекунад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, арзиши умумии таҷҳизот 17 ҳазор Евро буда, моҳи августи соли ҷорӣ оид ба тарзи кор бо таҷҳизот машғулиятҳои назарияву амалӣ гузаронида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста