Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе аз 21 то 31-уми июл дар роҳҳои мошингарди пойтахт таҳти унвони «Газ» амалиёт баргузор мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА дар пойтахт Шерафкан Латифов иттилоъ дод, ҳадафи аслӣ аз баргузории амалиёт – пешгирӣ ва ошкор сохтани насби баллонҳои газӣ дар дохили мошинҳо аст. «Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёт баҳри
ошкор сохтани мошинҳое, ки бидуни иҷозатномаи дахлдор аз баллонҳои газӣ истифода мебаранду ё он ба талабот ҷавобгӯ нест, рейдҳо доир карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти БДА, дар пойтахт зиёда аз 40 ҳазор адад мошинҳои хусусӣ ва 7 ҳазор адад мошинҳои мутаалиқ ба тавозуни давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, вале кормандони БДА дақиқ огаҳ нестанд, ки чӣ миқдоре аз ин мошинҳо бо таҷҳизоти газӣ кор мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста