Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад камтар аст.
Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ - ҳарчи бештар захира кардани
об дар обанбори Норак мебошад.
Муовини вазир гуфт, бо мақсади таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ШСХК «Барқи тоҷик» дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ва ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми ҳудуди 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,98 млн. кВт/соат бештар аст.
«Дар ин давра аз Ӯзбекистон – 255,5, Туркманистон – 667,76, Қазоқистон – 88,34 ва Қирғизистон – 7,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 773,07 млн. кВт/саот нерӯи барқ харидорӣ гардид», - афзуд Ҳақдодов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста