Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ (9-сола) 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд.
Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки қисми бештари онҳоро духтарон ташкил дода, онҳо ё худашон хоҳиши идомаи таҳсилро надоранд ва ё волидайнашон ба таҳсили минбаъдаи онҳо монеъа мешаванд. «Бо мақсади омӯзиш масъалаи мазкур кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ мониторинг доир сохта, дар натиҷа маълум шуд, ки сабаби аз идомаи таҳсил даст кашидани наврасон – вазъи бади иқтисодии оила, барвақт ба шавҳар баромадан ва сатҳи нокофии маърифатнокии худи духтрон ва волидайни онҳо аст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Қ.Аллабердиева, айни замон дар макотиби олии ҷумҳурӣ беш аз 156 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 47 ҳазор ё худ зиёда аз 35 дарсадашро духтарон ташкил медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста