Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа, ки дар 14 ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гузаронида шудааст, 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон фаъолияти президентро маъқул шуморидаанд.
Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон низ ҳамин миқдор буда, 73 дарсади аҳолии Русия аз фаъолияти президенти худ ризоият изҳор кардаанд. «Дар Украина 86 дарсади пурсидашудагон изҳор доштанд, ки аз фаъолияти сарвари давлат қаноатманд нестанд», - гуфта мешавад дар таҳқиқот.
Дар гузориши марказ гуфта мешавад, 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон вазъи моддии оилаи худро хеле хуб ё хуб арзёбӣ кардаанд. Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон аз ҳама баланд (51 дарсад) буда, дар Русия ҳеҷ пурсидашудае вазъи моддии оилаи худро хеле хуб арзёбӣ накардааст ва танҳо аз 10 нафар як нафар онро «хуб» гуфтааст.
Бино ба маълумоти марказ, аз бекорӣ бештар тоҷикону ӯзбакон (58 дарсадӣ) ва латвиягиҳо (53 дарсад) изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба сатҳи таваррум бештар русиягиҳову белорусҳо ва қазоқҳо (47-48 дарсад) таваҷҷӯҳ зоҳир сохта, аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ аз ҳама бештар русиягиҳо (23 дарсади пурсидашудагон) дар ташвишанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста