Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо президенти ширкати бритониёии «
Wakefield
Inspection
Services
» (WIS) Питер Вейкфилд масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ширкати мазкур дар Тоҷикистон корхонаи муштараки ҶСК «Тоҷикистон-
WIS
» оид ба навъҳо ҷудо намудан ва муайян кардани сифати нахи пахта аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ таъсис дода шуд.
Пас аз мулоқот П.Вейкфилд гуфт, мақсади боздиди нахустини ӯ аз Тоҷикистон – таҳлили фаъолияти корхона ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷорисозии кори таҷҳизоти муосир дар корхона аст. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоту фанновариҳои муосир имконоти ба навъҳо ҷудо кардан ва муайян сохтани сифати нахи пахта бамаротиб зиёд ва суръати кор тезонида мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи П.Вейкфилд, ширкат дар 73 кишвари дунё намояндагиву шӯъбаҳо дошта, гувоҳномаи додаи он дар 99,9 дарсади ҳолатҳо эътироф карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста