Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки вазъ дар ноҳияи Тавилдара ва гирду атрофи он орому босубот буда, сокинони минтақа ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд. «Айни замон дар дараҳои кӯҳии ноҳия корҳои ҷустуҷӯ ва пайдо намудни аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ахиран ин мавзеъҳоро макони будубош қарор дода буданд, идома доранд», - гуфт ӯ.
А.Қаҳҳоров зикр кард, ки узви гурӯҳи ҷиноятпеша қариб комилан нест карда шуда, танҳо се нафари онҳо то ҳанӯз ҷустуҷӯ карда мешаванд. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи далелҳои ҳодисаҳои ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара аз рӯи якчанд моддаи КҶ ҶТ, аз ҷумла «роҳзанӣ», «убури ғайриқонунии марзи давлатӣ» ва «созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша» парвандаи ҷиноӣ боз намуданд», - изҳор дошт вазир.
Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфт, панҷ нафар шаҳрвандони Русия, ки рӯзи 16-уми июл зимни задухӯрди мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд, моҳи апрел тавассути хатсайри ҳавоии «Санкт-Петрбург – Душанбе» ба Тоҷикистон омадаанд. «Дар анҷоми тафтишот узвияти онҳо ба ягон ҳаракате ё ҳизбе муайян карда хоҳад шуд», - афзуд А.Қаҳҳоров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста