Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 88 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазор бештар буда, 59 дарсади нақшаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009»-ро ташкил медиҳад.
Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки дар давоми соли ҷорӣ 386 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардида, 34 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.
«Аксари корёфтагон дар ин ярмаркаҳо бинобар паст будани ҳаҷми музди меҳнат муддати зиёде дар ҷойи нави корӣ фаъолият накарда, боз ба сафи бекорон баргаштанд», - гуфт ӯ.
Вазир афзуд, дар ин давра дар мақомоти шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 44,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста