Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 473,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 25,4 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бо вуҷуди нисбат ба оғози сол афзудани ҳаҷми қарз ба таври номиналӣ ба маблағи 101,84 млн. $, дар таносуби фоизӣ ба ММД нисбат ба оғози сол он ба андозаи 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст. «Маблағи мазкур асосан аз ҳисоби қарзҳои гирифта барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву сохтмон ва сохтмони роҳҳои мошингарду терминали фурудгоҳи пойтахт зиёд шуд», - гуфт ӯ.
Вазири молияи ҶТ зикр намуд, ки сохтору шартҳои пешниҳоди қарзҳо барои ҷумҳурӣ муфид аст, зеро фоизҳои гузошта ба қарзҳо ночиз буда, мӯҳлати пардохти онҳо аз 25 то 40 сол аст. «Дар ин давра баҳри пардохти қарзҳои хориҷии кишвар 21 млн. $ маблағ масраф гардид», - баён дошт вай.
С.Наҷмиддинов афзуд, Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Чин қарздор буда, ҳаҷми он 549 млн. $ ё худ 38 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста