Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 23-юми июл дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар заминаи корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта фарма Лимитед»-и Тоҷикистону Ҳиндустон, ки зиёда аз 10 сол пештар таъсис дода шуда буду амалан ба ҳеҷ фаъолияте машғул набуд, корхонаи нави муштараки «ТоҷДелфарм»-и Тоҷикистону Миср таъсис меёбад. «Ширкати дорусозии «Делта-фарма» (Миср) 35 дарсади саҳмияҳои ширкати мазкурро харидорӣ намуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, барои оғози фаъолияти корхонаи «Тоҷделфарм» фонди оинномавии он то 5 млн. $ зиёд карда шуда, ҳиссаи ҷониби Миср – 55 дарсад ва ҷониби Тоҷикистон 45 дарсадро ташкил медиҳад. «Маросими ифтитоҳи расмии корхона пас аз анҷоми таъмин сохтани он бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст», - афзуд Н.Салимов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста