Кӯлоб. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба 11 хоҷагии деҳқонии се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то пардохти пурраи қарзи «Амонатбонк» ҳамагӣ 568 ҳазору 563 сомонӣ маблағ боқӣ мондааст, ки ин миқдор 7 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзҳояшонро ташкил медиҳад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» агроном-коршиноси бонк Раҷабалӣ Кулабеков иттилоъ дод, соли гузашта «Амонатбонк» ба 225 хоҷагии пахтакори 4 ноҳияи минтақа 8 млн. 220 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард ва танҳо бар асари коҳиши нархи нахи пахта як қатор хоҷагиҳо аз ӯҳдаи иҷрои пардохти қарз набаромадаанд. «Дар мавсими соли равон бонк ба 185 хоҷагии деҳқонӣ, ки соли гузашта низ мизоҷони бонк буданд, маблағи қарзӣ ҷудо кард», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақа Абдукарим Неъматов, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои молиявии минтақа ба маблағи умумии 49 млн. 808 ҳазору 521 сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 млн. сомонӣ камтар мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста