Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ шумори беморони домана дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар афзуд.
Дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар 338 ҳодисаи гирифтор шудан ба бемории домана ба қайд гирифта шудааст. «Сабаби асосии ба ин беморӣ мубтало гаштан – сифати ғайриқаноатбахши оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳо буда, феълан дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолати низоми обу корез хеле бад аст, ки ба зуҳуру афзоиши бемориҳои сироятӣ боис мегардад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, дар ин давра ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории домана аз ҳама бештар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Исфара ба мушоҳида расидаааст. «Тайи 3-4 соли ахир зуҳури бемории домана дар ноҳияи Кӯлоб зиёд сабт мегардиданд, вале феълан вазъ дар ин ноҳия хеле беҳтар шуд, - афзуд Н.Салимов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста