Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз 1-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши истифодаи барқ ба андозаи 25 дарсад афзуда мешавад.
Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл ҳукумати ҶТ пешниҳоди ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи ба андозаи 25 дарсад афзудани арзиши истифодаи барқ дар ҷумҳуриро маъқул шуморидааст. «Мутобиқи он, шурӯъ аз 1-уми август аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 7,5 дирам маблағ пардохт хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки соли равон бори дуввум аст, ки арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзуда мешавад. Оғози соли ҷорӣ низ арзиши истифодаи нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад зиёд шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста