Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати маорифи ҶТ эълом дошт, ки қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар робита ба ин масъала вазорат аз ҳамаи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба ин донишкада супорида буданд, хоҳиш мекунад, ки ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, то 31-уми июл ба дигар муассисаи таълимӣ супоранд.
Дар Вазорати маорифи ҶТ мегӯянд, фаъолияти донишкадаи мазкур ба
муқаррароти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар ҷумҳурӣ мутобиқ нест. «Худи донишкада фаъолияташро қатъ намсеозад ва донишҷӯёне, ки дар он таҳсил мекарданд, ба таҳсили худ идома хоҳанд дод», - афзуд Н.Нуралиев.
Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Баъдтар, соли 2006 он ба Донишгоҳи гуманитарӣ табдили ном кард. Моҳи апрели соли 2007 он Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 ҳазору 700 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли гузашта ба донишкада 543 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Арзиши солонаи шартномаи таҳсил дар донишкада ба 500 доллари ИМА баробар аст. Айни замон дар донишкада 7 факулта – информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва технология, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ амал мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста