Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Вазорати маорифи ҶТ маросими муаррифии ҳудуди 120 ҳазор номгӯи асбобу лавозимоти аёнӣ барои синфхонаҳои риёзии макотиби таҳсилоти умумӣ баргузор шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, асбобу лавозимоти аёнии мазкур ба маблағи умумии 292 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ харидорӣ шуданд.
Ба гуфтаи Н.Нуралиев, асбобу лавозимоти мазкур баҳри кӯмак ба риёзидонони ҷавон пешбинӣ шуда, он рӯзҳои наздик дар байни ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста