Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз миёни Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ва Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба таъмини роҳандозии барномаи омодагии ҳамаҷониба ба таҳкими имконоти идоракунӣ дар назорат ва ҳифзи марзҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалисозии барномаи яксола бо ҳайати шахсии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба барномасозӣ ва идоракунӣ, тарзи роҳбарӣ ба ҳайатҳои назорати марз, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва ҳифзи сарҳад дар шароити зимистон машғулиятҳо баргузор мешаванд. «Татбиқи барнома марзбононро тавассути такмили низоми назорат бо маҳорату қобилиятҳои зарурии таҳкими имконоти нерӯҳо баҳри пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ таъмин месозад», - изҳор дошт роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон
Владимир Пряхин.
Дар анҷоми барнома Дафтари САҲА таҷҳизот ва амволеро, ки зимни татбиқи лоиҳа истифода шудааст, ба марзбонони тоҷик тақдим хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста