Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Маскав дар синни 52-солагӣ муовини сардори Департаменти сиёсати савдои Котиботи Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Сироҷиддин Қаландаров аз олам даргузашт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар тамоми давраи фаъолият С.Қаландаров софдилона вазифаҳои хешро иҷро намуда, дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯву эътибор гардида буд.
Бино ба иттилои манбаъ, С.Қаландаров ҳамеша бо фарҳанги волову дақиқкорӣ ва муносибати ғамхорона ба оила намунаи ибрати ҳамкорон буд.
Маълумотнома:
С.Қаландаров 12-уми июли соли 1957 дар Тоҷикистон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи сиёсиву иҷтимоии Поволжеи Русия аст. Иқтисодчӣ ва сиёсатшинос. Ба ҳайси иқтисодчӣ дар корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва сипас дар корҳои ҳизбиву комсомолӣ низ фаъолият намуда, солҳои 1991-2004 дар Дастгоҳи президенти ҶТ кор кардааст. Шурӯъ аз соли 2005 дар мансаби квотавӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар Котиботи Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ифои вазифа менамуд. Бо ифтихорномаи президенти ҶТ сарфароз гардонида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста