Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Пахта то ҳанӯз маҳсулоти кишоварзии аз ҳама бештар даромадноки Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, агар деҳқонон аз як гектар 10-12 сентнер ҳосили пахта ба даст оранд, пас парвариши зироатҳои ғааладона фоидаовартар хоҳад буд. «Феълан пахтакорони ҷумҳурӣ аз як гектар то 25 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аз 173 ҳазор гектари барои кишти чигит пешбинишуда, айни замон дар майдони 171 ҳазор гектар нашъунамои пахта хуб ҷараён дорад. «Албатта, баъзе норасоиҳо, аз ҷумла камбуди нуриҳои минералӣ эҳсос мешавад, вале деҳқонон мувофиқи имконот саривақт корҳои агротехникиро анҷом дода истодаанд», - изҳор дошт вай.
С.Баҳриддинов афзуд, соли равон мутахассисони вазорат ба он хоҷагиҳое, ки аз 20 сентнер камтар ҳосили пунбадона ба даст оварда буданд, тавсия додааст, ки аз парвариши пахта даст кашанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста