Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои низомии ҳукумат роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов ба ҳалокат расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, шаби гузашта дар мавзеи Миёнаду гурӯҳи боқимондаи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ошкор ва ба муҳосира гирифта шудааст. «Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона роҳбари гурӯҳ - Неъмат Азизов кушта шуд», - гуфт манбаъ.
Аз ҷузъиёти дигари амалиёт алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.
Айни замон дар мавзеи мазкур баҳри пайдо кардани дигар ҳаммаслакони Неъмат Азизов корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд.
Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, сокини деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз – Неъмат Азизови 41-сола солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви фаъоли нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик буд. Пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997, ӯ ба ҳайси фармондеҳи яке аз воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тавилдара ифои вазифа мекард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста