Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар назди донишгоҳ Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти махсус таъсис дода шуд.
Ба гуфтаи ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов, вазифаи асосии марказ – тарҷумаи густардаи илмии адабиёти таълимии тиббӣ ба забони тоҷикӣ, таҳияи луғатҳои тиббӣ, истилоҳоти махсуси ин соҳа ва таҳрири корҳои илмии кормандони донишгоҳ аст. «То имрӯз кормандони марказ аллакай тарҷумаи як қатор номгӯи адабиёти тиббӣ, аз қабили «Бемориҳои ҷарроҳишаванда», «Бемориҳои сироятӣ, «Луғати истилоҳоти биологӣ» ва дигар адабиёти ин соҳаро анҷом доданд», - гуфт ӯ.
У.Қурбонов афзуд, дар марказ ҳамчунин тарҷумонҳои касбии истилоҳоти тиббӣ тайёр карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста