Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ барои мувофиқи квотаи президент ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудан 145 ҷой ҷудо кард.
Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов бар ин назар аст, ки ин миқдор ҷой барои донишгоҳе, ки ҳамасола 1 ҳазору 190 донишҷӯ қабул мекунад, зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи квота дохилшуда ба талабот ҷавобгӯ нест. «Шумори донишҷӯёни квотадоре, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, сол то сол меафзояд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи У.Қурбонов, соли равон озмун барои квотадорон тариқи низоми рейтингӣ сурат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо аксари довталабон аз 21 балли ниҳоии пешбинишуда аз 1 то 10 баллро соҳиб шудаанд. «Дар натиҷа аз 145 нафар танҳо 101 нафар аз озмун гузаштанд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, бо супориши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова озмуни такрорӣ баргузор шуда, рӯзи 30-юми июл барои доваталабони квотадор давраи ниҳоии интихобӣ доир мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста