Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати олмонии «Muhlbauer» барои Тоҷикистон бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) омода месозад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, ин ширкат дар тендери иборат аз ду марҳилаи аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида барои хариди бланкаҳои холии шиносномаҳои хориҷӣ бо истифодаи микрочипи электронӣ (биопаспорт) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти зарурӣ барои он ғолиб дониста шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои харидории бланкаҳо ва таҷҳизот маблағҳои буҷа истифода хоҳад шуд. «Бланкаи 48 саҳифагии шиноснома бояд ба талаботи ҳадди аққали меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ буда, бо микрочипи бидуни тамос муҷаҳҳаз бошад», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки тарзи ороиши (дизайни) шиноснома дар мувофиқа бо фармоишгар таҳия гардида, дар навбати аввал бо назардошти харидҳои иловагӣ 100 ҳазор адад бланкаҳои холи шиносномаҳои биометрӣ харида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста