Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-плюс» - То имрӯз қариб дар майдони 200 ҳазор гектар замин кишти ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили гандум ба анҷом расид, ки ба 75 дарсад аз ҳаҷми умумии заминҳои кишти гандум баробар аст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, соли равон ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27 сентнер аз як гектарро (соли гузашта – 18,7 сентнер) ташкил дода, он дар баъзе хоҷагиҳо ба 50-60 сентнер мерасад ва то имрӯз зиёда аз 455 ҳазор тонна гандум захира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 220 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии оммавии ҳосили гандум шурӯъ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста