Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ намояндагони баландпояи мақомоти бахши энергетика ва мутахассисони бахши фаннии Тоҷикистон баҳри табодули таҷриба ва шиносоӣ бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергеткии давлати Лаос таҳти унвони «Нам Теун 2» аз ин кишвар боздид карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ иттилоъ доданд, табодули таҷриба ва шиносоӣ дар доираи баррасии масоили иродаи сиёсии омода сохтани кишвар ба амалисозии лоиҳаи бузург чун «Нам Теун 2» ва дарки асосҳои фундаменталии табдили лоиҳа барои ноил гардидан ба рушди устувор сурат гирифтааст. «Намояндагони Тоҷикистон аз майдони татбиқи лоиҳаи мазкур, ки қариб 1 млн. гектарро ташкил медиҳад, боздид намуда, бо вазъу ҳолати воқеии он аз наздик ошно гардиданд», - гуфт манбаъ.
Лоиҳаи бузургтарини давлати Лаос дар соҳаи рушд ба маблағи 1,5 млрд. $ лоиҳаи гидроэнергетикиест дар Лаоси Марказӣ бо иқтидори 1070 мегаватт. Дар давраи консессионии 25-сола татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 2 млрд. $ даромад ба даст оварда шавад ва ин маблағро ҳукумати Лаос баҳри татбиқи лоиҳаҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист истифода хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста