Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ду шаҳрванди аврупоӣ аз шаҳри Осло то Пекин масофаи баробар бо 16 ҳазор километрро бо велосипед тай мекунанд, то ки ба ҷавонони Тоҷикистон баҳри татбиқи лоиҳаҳои фоидаи устувордошта кӯмак намоянд. Шаҳрвандони Шветсияву Фаронса – Рикард Салевик ва Жан Фредерик баҳри амалисозии лоиҳаҳо оид ба ташкили давраҳои омӯзишии касби дӯзандагӣ ва қаннодӣ барои занон аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ваҳдат ва рушди занбӯриасалпарварӣ дар ҷамоати Сохчарви ВМКБ ёрӣ хоҳанд расонд. Лоиҳаҳо тавассути Фонди «Авруосиёи Осиёи Марказӣ» (ФЕСА) маблағгузорӣ карда мешаванд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз фонди мазкур иттилоъ доданд, велосипедронон баҳри амалисозии лоиҳаҳо аллакай 17 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъоварӣ кардаанд. «Дар ҷамъоварии маблағи мазкур саҳми ширкати фаронсавии «La fibre textile» назаррас буда, ба он ҳамчунин маблағҳои сарпарастони дигари велосипедронон ва маблағи хайрияи шаҳрвандони кишварҳои мавриди убур қароргирифта низ дохил мешавад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, велосипедронон моҳи март аз шаҳри Осло ба сафар баромада, қаламрави кишварҳои аврупоӣ, Туркия, Арманистон, Эрон ва Туркманистонро убур намудаанд ва айни замон дар Ӯзбакистон қарор дошта, рӯзи 8-уми август ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. «Рӯзи 10-уми август онҳо ба Душанбе омада, сипас ба ноҳияҳои Ваҳдату Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегарданд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста