Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ «Ширкати алюминийи тоҷик» (Талко) беш аз 185 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин дапвраи соли гузашта 18,3 дарсад камтар аст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ ширкати мазкур истеҳсоли 377 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. «Алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, коҳиши арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи қариб 40 дарсад ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар ин давра боис гардид», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши алюминий дар ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил медод, вале имрӯз арзиши як тоннаи он то 1820 $ поин рафтааст. «Коҳиши ҳаҷми алюминий ҳамчунин ба камбуди нерӯи барқ ва гази табиӣ низ вобста аст», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста