Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади пешбарикардаи худ – Эмомалӣ Раҳмон то соати 17:00-и рӯзи 2-юми октябр беш аз 77 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов хабар дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, рӯзи 24-уми сентябр дар анҷумани пешазинтихоботӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сифати номзад ба мансаби президентӣ сарвари кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кард. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи 246 нафар вакилони анҷуман раъй доданд.
Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1926 таъсис дода шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун вориси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 2 млн. 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста