Ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии оммавии сокинони пойтахт доир мегардад, ки дар он иштироки ҳудуди 60 ҳазор нафар дар назар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, иштирокчиёни раҳпаймоии идона аз майдони «Дӯстӣ» гузашта, онҳоро раҳбарияти олии кишвар шодбош хоҳад гуфт.
Айни замон иштирокчиёни раҳпаймоӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр, майдонҳои мактабҳои олӣ ва техникуму коллеҷҳо омодагӣ мегиранд.
Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар робита ба раҳпаймоии оммавии идона дар майдони асосии кишвар, шояд гузашти низомии ба санаи 9 сентябр таъиншуда бо ҳузури 16 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ба рӯзи 8 сентябр гузаронда шавад.
«Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки раҳпаймоии идона санаи 9 сентябр баъди анҷоми гузаштпи низомӣ доир мегардад. Алҳол ин масъала комилан ҳаллу фасл нашудааст», - иброз дошт манбаъ ва илова кард, ки дар гузашти низомии қарибулвуқӯъ авиатсия ва техникаи ҳарбӣ сафарбар намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста