Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар рӯҳониён ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар роҳандозии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ муттаҳам донист.

«Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд», - гуфт сарвари давлат зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара.

«Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем», - таъкид дошт президент.
Пешвои миллат хотиррасон намуд, ки «дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад».

Дар идома президенти мамлакат таъкид дошт, ки : «Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем».





