Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён рӯзи 31 август ба Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Раиси Ҷумҳурии Туркия зимни арзи дуруд ба Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлати Тоҷикистон ва мардуми он сулҳ ва пешрафт орзу намуда, омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор намуд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.